Зи Ҳад Бигзашт Муштоқию Сабр Андар Гамат, Ёро

Зи ҳад бигзашт муштоқию сабр андар гамат, ёро
Ба васли худ давое кун дили девонаи моро!
Илоҷи дарди муштоқон табиби ом нашносад,
Магар Лайлӣ кунад дармон гами Маҷнуни шайдоро.
Гарат парвои ғамгинон нахоҳад буду мискинон,
Набоистӣ ба мо аввал намуд он рӯи зеборо!
Чу бинмудию бирбудӣ субот аз ақлу сабр аз дил,
Бибояд чорае кардан кунун он ношикеборо!
Маро савдои бутрӯён набудӣ пеш аз ин дар сар,
Валекин то туро дидам, гузидам роҳи савдоро.
Муроди мо висоли туст аз дунёву аз уқбо,
Вагарна бе шумо қадре набошад дину дунёро.
Чунон муштоқам, эй дилбар, ба дидорат, ки гар рӯзе
Барояд аз дилам оҳе, бисӯзад ҳафт дарёро.
Биё, то як замон имрӯз хуш бошем дар хилват,
Ки дар олам намедонад касе аҳволи фардоро!
Сухан ширин ҳамегӯй ба рагми душманон, Саъдӣ!
Вале бемори истисқо чӣ донад таъми ҳалворо?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.