Зи Офтоби Саъодат Маро Шаробот Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зи офтоби саъодат маро шаробот аст,
Ки зарраҳои танам ҳалқаи харобот аст!
Салои чиҳраи хуршеди мо, ки фирдавс аст,
Салои сояи зулфайни ӯ, ки ҷаннот аст!
Ба осмону замин лутфи ӣтиё фармуд,
Ки осмону замин масти он муроъот аст!
Зи ҳасту нест бурун аст тахтгоҳи малак,
Ҳазорсола аз он сӯй нафйу исбот аст!
Ҳазор дар зи сафо андаруни дил боз аст,
Шитоб кун, ки зи таъхирҳо бас офот аст!
Ҳаётҳои ҳаётофарин бувад он ҷо,
Аз он ки шоҳи ҳақойиқ на шоҳи шаҳмот аст!
Зи нардбони дарун ҳар нафас ба миъроҷанд,
Пиёлаҳои пур аз хун, нигар, ки оёт аст!
Дар он ҳаво, ки худованд Шамси Табрезист,
На лофи чархаи чарх асту не самовот аст!

Hits: 3

:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.