Зи Кӯи Ёр Меояд Насими Боди Наврӯзӣ,

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.
Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти маи лаъл аст,
Ки зад бар чархи фирӯза сафири бахти фирӯзӣ.
Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ,
Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.
Чу имкони хулуд, эй дил, дар ин фирӯза айвон нест,
Маҷоли айшу фурсат дон ба фирӯзиву беҳрӯзӣ.
Тариқи комбахшӣ чист тарки коми худ кардан,
Кулоҳи сарварӣ он аст, к-аз ин тарк бардӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист,
Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ?
Мае дорам чу ҷон софиву сӯфӣ мекунад айбаш,
Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ!
Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, э шамъ,
Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ в-агар сӯзӣ.
Ба уҷби илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,
Биё, соқӣ, ки ҷоҳилро ҳанитар мерасад рӯзӣ.
Май андар маҷлиси Осаф ба наврӯзи Ҷалолй нӯш,
Ки бахшад ҷуръае ҷомат ҷаҳонро сози наврӯзӣ.
Ҷанобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида,
Ҷабинаш субҳхезонрост рӯзи фатҳу фирӯзӣ.
На Ҳофиз мекунад танҳо дуои хоҷа Тӯроншоҳ,
Зи мадҳи осафӣ хоҳад идиву наврӯзӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.