Зи Дастам Барнамехезад, Ки Бе Ёди Ту Биншинам,

Зи дастам барнамехезад, ки бе ёди ту биншинам,
Ба ҷуз рӯят намехоҳам, ки рӯи ҳеҷ кас бинам.
Ман аввал рӯз донистам, ки бо Ширин дарафтодам,
Ки чун Фарҳод бояд шуст даст аз ҷони ширинам.
Туро ман дӯст медорам хилофи ҳар ки дар олам,
Агар таън аст бар ақлам, в-агар рахнаст дар динам!
Агар шамшер баргирӣ, сипар пешат бияндозам,
Ки бе шамшер худ куштӣ ба соидҳои симинам!
Баро, эй субҳи муштоқон, агар наздики рӯз омад,
Ки бигрифт ин шаби ялдо ҳилол аз моҳу парвинам.
Аз аввал ҳастӣ овардам, қафои нестн хӯрдам,
Кунун уммеди бахшоиш ҳамедорам, ки мискинам.
Диле чун шамъ мебояд, ки бар ҳолам бубахшояд,
Ки ҷуз вай кас намебинам, ки месӯзад ба болинам.
Ту ҳамчун гул – зи хандидан лабат бо ҳам намеояд,
Раво дорӣ, ки ман – булбул чу бӯтемор биншинам!
Рақиб ангунгг мехояд, ки Саъдӣ, дида барҳам неҳ!
Матарс, эй боғбон, аз гул, ки мебинам, намечинам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.