Зи Бод Накҳати Зулфи Дутот Меҷӯям,

Зи бод накҳати зулфи дутот меҷӯям,
Зи бода лаъли лаби ҷонфазот меҷӯям.
Насими гулшани фирдавсу оби чашмаи Хизр
Ба хоки пот, ки аз хоки пот меҷӯям.
Агар ту пил бирониву асб дарбозӣ,
Чӣ гуна рух биниҳам ман, ки мот меҷӯям.
Ҷафо маҷӯву маёзор беш аз ин моро,
Ғулом, гӯ, чӣ ту гӯӣ, ҷафот мечӯям!
Табиби дарди маро гуфтамаш хате бинавис,
Ҷавоб дод, ки Ҳофиз давот меҷӯям.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.