Заррасон То Дар Ҳавои Меҳри Рухсори Туам,

Заррасон то дар ҳавои меҳри рухсори туам,
Нест як соат қарор аз шавқи дидори туам.
Ҷони ширин дар ғамат додам, вале бахшид боз
Тоза ҷоне, хандаи лаъли шакарбори туам.
Инчунин моил, ки бо ағёр мебинам туро,
Кай кунам бовар, агар гӯӣ, ки: «Ман ёри гуам».
Бар сари онам, ки гар афтад туро коре ба ман,
Рӯ натобам, гар шавад сар дар сари кори туам.
Ту кашӣ ҳар лаҳза теғу ман сар андозам ба пеш,
Чун кунам, шармандаи алтофи бисёри туам.
Доштам умре чу Ҳофиз бар даҳан мӯҳри сулук,
Оқибат дар гуфтугӯ овард гуфтори туам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.