Завқе Чунон Надорад Бе Дӯст Зиндагонӣ,

Завқе чунон надорад бе дӯст зиндагонӣ,
Дудам ба сар барояд з-ин оташи ниҳонӣ!
Шероз дар набастаст бар корвон, валекин,
Моро намекушоянд аз қайди меҳрубонӣ.
Уштур, ки ихтиёраш дар даста худ набошад,
Мебоядаш кашидан боре ба нотавонӣ.
Хуни ҳазор Вомиқ хӯрдӣ ба дилфиребӣ,
Даст аз ҳазор Узро бурдӣ ба дилситонӣ.
Суратнигори чинӣ бе хештан бимонад,
Г ар суратат бубинад – сар то ба сар маонӣ!
Эй бар дари сароят гавғои ишқбозон,
Ҳамчун бар оби ширин ошӯби корвонӣ.
Ту форигию ишқат бозича менамояд,
То хирманат насӯзад, аҳволи мо надонӣ!
Мегуфтамат, ки ҷонӣ, дигар дарегам ояд,
Гар гавҳаре беҳ аз ҷон мумкин бувад, ту онӣ!
Сарвӣ – чу дар самоӣ, бадрӣ – чу дар ҳадисӣ!
Субҳӣ – чу дар канорӣ, шамъӣ – чу дар миёнӣ!
Аввал чунин набудӣ, боре ҳақиқате шуд,
Дӣ ҳаззи нафс будӣ, имрӯз қути ҷонӣ.
Шаҳр они тусту шоҳй, фармой ҳар чи хоҳӣ,
Г ар беамал бубахшӣ в-ар бегуноҳ биронӣ!
Рӯи умеди Саъдӣ бар хоки остонат,
Баъд аз ту кас надорад, ё гояталамонӣ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.