Забони Хома Надорад Сари Баёни Фироқ

Забони хома надорад сари баёни фироқ
Вагарна шарҳ диҳам бо ту достони фироқ.
Дареғи муддати умрам, ки бар умеди висол
Ба сар расиду наёмад ба сар замони фироқ.
Саре ки бар сари гардун ба фахр месудам,
Ба ростон, ки ниҳодам бар остони фироқ.
Чӣ гуна боз кунам бол дар ҳавои висол,
Ки рехт мурғи дилам пар дар ошёни фироқ?
Кунун чӣ чора, ки дар баҳри ғам ба гирдобе,
Фитод заврақи сабрам зи бодбони фироқ?
Басе намонд, ки киштии умр ғарқа шавад
Зи мавҷи шавқи ту дар баҳри бекарони фироқ,
Агар ба дасти ман афтад, фироқро бикушам,
Ки рӯзи ҳаҷр сияҳ боду хонумони фироқ!
Рафиқи хайли хаёлему ҳамнишини шикеб,
Карини оташи ҳичрону ҳамқирони фироқ.
Чӣ гуна даъвии васлат кунам ба ҷон, ки шудаст,
Танам вакили қазову дилам замони фироқ.
Зи сӯзи шавқ дилам шуд кабоб дур аз ёр,
Мудом хуни ҷигар мехӯрам зи хони фироқ.
Фалак чу дид сарамро асири чанбари ишқ,
Бибаст гардани сабрам ба ресмони фироқ.
Ба пои шавқ агар ин раҳ, ба сар шудӣ, Ҳофиз,
Ба дасти ҳаҷр надодӣ касе инони фироқ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.