Дӯш Меомаду Рухсора Барафрӯхта Буд,

Дӯш меомаду рухсора барафрӯхта буд,
То куҷо боз дили ғамзадае сӯхта буд.
Расми ошиқкушиву шеваи шаҳрошӯбӣ
Ҷомае буд, ки бар қомати ӯ дӯхта буд.
Ҷони ушшоқ сипанди рухи худ медонист
В-оташи чеҳра бад-ин кор барафрӯхта буд.
Гарчи мегуфт, ки зорат бикушам, медидам,
Ки ниҳонаш назаре бо мани дилсӯхта буд.
Куфри зулфаш раҳи дин мезаду он сангиндил,
Дар паяш машъале аз чеҳра барафрӯхта буд.
Дил басе хун ба каф овард, вале дида бирехт,
Аллаҳ, аллаҳ, кӣ талаф карду кӣ андӯҳта буд.
Ёр мафрӯш ба дунё, ки басе суд накард
Он, ки Юсуф ба зари носара бифрӯхта буд.
Гуфту хуш гуфт: «Бирав хирқа бисӯзон, Ҳофиз»
Ё раб ин, қалбшиносӣ зи кӣ омӯхта буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.