Дӯш Дидам, Ки Малоик Дари Майхона Заданд,

Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.
Соқинони ҳарами сатру афофи малакут,
Ба мани роҳнишин бодаи мастона заданд.
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Шукри эзид, ки миёни ману ӯ сулҳ афтод,
Сӯфиён рақскунон соғари шукрона заданд.
Оташ он нест, ки аз шӯълаи ӯ хандад шамъ,
Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.
Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,
То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.