Дӯш Бо Ман Гуфт Пинҳон Роздоне Тезҳуш,

Дӯш бо ман гуфт пинҳон роздоне тезҳуш,
Аз шумо пинҳон нашояд кард сирри майфурӯш.
Гуфт:— Осон гир бар ҳуд корҳо, к-аз рӯи табъ
Сахт мегирад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш.
В-он гаҳам дардод ҷоме, к-аз фурӯғаш бар фалак
Зӯҳра дар рақс омаду барбатзанон мегуфт:— нӯш!
Бо дили хунин лаби хандон биёвар ҳамчу ҷом,
Не гарат захме расад, ой чу чанг андар хурӯш.
То нагардӣ ошно, з-ин парда рамзе нашнавӣ,
Гӯши номаҳрам набошад ҷои пайғоми сурӯш.
Гӯш кун панд, эй писар в-аз баҳри дунё ғам махӯр,
Гуфтамат чун дур ҳадисе, гар тавонӣ, дор гӯш,
Дар ҳарими ишқ натвон зад дам аз гуфтушунид,
3-он, ки он ҷо ҷумла аъзо чашм бояд буду гӯш,
Бар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест,
Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил, ё хамӯш!
Соқиё, май деҳ, ки риндиҳои Ҳофиз, фаҳм кард
Хусрави соҳибқирони ҷурмбахши айбпӯш.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.