Дӯстон Духтари Раз Тавба Зи Мастурӣ Кард,

Дӯстон духтари раз тавба зи мастурӣ кард,
Шуд сӯи мӯҳтасибу кор ба дастурӣ кард.
Омад аз парда ба маҷлис, арақаш пок кунад,
То нагӯянд ҳарифон, ки чаро дурӣ кард?
Муждагонӣ бидеҳ эй дил, ки дигар мутриби ишқ,
Роҳи мастона заду чораи махмурӣ кард.
На ба ҳафт об, ки рангаш ба сад оташ наравад,
Он чӣ бо хирқаи зоҳид маи ангӯрӣ кард.
Ғунчаи гулбуни васлам зи насимаш бишукуфт,
Мурғи хушхон тараб аз барги гули сурӣ кард.
Ҳофиз, афтодагӣ аз даст мадеҳ, з-он ки ҳасуд
Ирзу молу дилу ҷон дар сари мағрурӣ кард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.