Дӯстон, Вақти Гул Он Беҳ, Ки Ба Ишрат Кӯшем,

Дӯстон, вақти гул он беҳ, ки ба ишрат кӯшем,
Сухани аҳли дил аст ину ба ҷон бинюшем.
Нест дар кас караму вақти тараб мегузарад,
Чора он аст, ки саҷҷода ба май бифрӯшем.
Хуш ҳавоест фараҳбахш, худоё, бифирист,
Нозанине, ки ба рӯяш маи гулгун нӯшем.
Арғунунсози фалак раҳзани аҳли ҳунар аст,
Чун аз ин ғусса нанолему чаро нахрӯшем?
Гул ба ҷӯш омаду аз май назадемаш обе,
Лоҷарам з-оташи хирмону ҳавас меҷӯшем.
Мекашем аз қадаҳи лола шароби мавҳум.
Чашми бад дур, ки бе мутрибу май мадҳушем.
Ҳофиз, ин ҳоли аҷаб бо кӣ тавон гуфт, ки мо
Булбулонем, ки дар мавсими гул хомӯшем.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.