Дӣ Пири Майфурӯш, Ки Умраш Ба Хайр Бод,

Дӣ пири майфурӯш, ки умраш ба хайр бод,
Гуфто: «Шароб нӯшу ғами дил бибар зи ёд!»
Гуфтам: «Ба бод медиҳадам бода ному нанг».
Гуфто: «Қабул кун сухану ҳар чӣ бод, бод!»
Суду зиёни моя чу хоҳад шудан зи даст
Аз баҳри ин муомила ғамгин мабошу шод.
Бодат ба даст бошад, агар дил ниҳӣ ба ҳеч,
Дар маъразе, ки тахти Сулаймон равад ба бод.
Ҳофиз, гарат зи панди ҳақимон малолат аст,
Кӯтаҳ кунем қисса, ки умрат дароз бод!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.