Дорам Умеди Отифате Аз Ҷаноби Дӯст,

Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст,
Кардам ҷиноятеву умедам ба афви ӯст.
Донам, ки бигзарад зи сари ҷурми ман, ки ӯ
Гарчи паривашаст валекин фариштахӯст.
Чандон гиристем, ки ҳар кас, ки баргузашт,
Дар ашки мо чу дид равон, гуфт, к: «Ин чӣ ҷӯст?»
Ҳеҷ аст он даҳону набинам аз ӯ нишон,
Мӯяст он миёну надонам, ки он чӣ мӯст?
Дорам аҷаб зи нақши хаёлаш, ки чун нарафт
Аз дидаам, ки дам ба дамаш кор шустушӯст,
Бе гуфтугӯи зулфи ту дилро ҳамекашад,
Бо зулфи дилкаши ту, киро рӯи гуфтугӯст?
Умрест, то зи зулфи ту бӯе шунидаам,
3-он бӯй дар машоми дили ман ҳанӯз бӯст,
Ҳофиз, бад аст ҳоли парешони ту, вале
Бар бӯи зулфи ёр парешоният накӯст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.