Донӣ, Ки Чангу Уд Чӣ Тақрир Мекунанд

Донӣ, ки чангу уд чӣ тақрир мекунанд
Пинҳон хӯред бода, ки таъзир мекунанд.
Номуси ишқу равнақи ушшоқ мебаранд,
Айби ҷавону сарзаниши пир мекунанд.
Ҷуз қалби тира ҳеҷ нашуд ҳосилу ханӯз,
Ботин дар ин хаёл, ки иксир мекунанд.
Гӯянд рамзи ишқ магӯеду машнавед,
Мушкил ҳикоятест, ки тақрир мекунанд.
Мо аз буруни дар шуда мағрури сад фиреб,
То худ даруни парда чӣ тадбир мекунанд.
Ташвиши вақти пири муғон медиҳанд боз,
Ин соликон нигар, ки чӣ бо пир мекунанд.
Сад мулки дил ба ними назар метавон харид,
Хубон дар нн муомила тақсир мекунанд.
Қавме ба ҷидду ҷаҳд ниҳоданд васли дӯст,
Қавме дигар ҳавола ба тақдир мекунанд.
Филҷумла эътимод макун бар суботи даҳр,
К-ин корхонаест, ки тағйир мекунанд.
Май хӯр, ки шайху Ҳофизу муфтиву мӯҳтасиб,
Чун нек бингарӣ, ҳама тазвир мекунанд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.