Додгаро, Фалак Туро Ҷуръакаши Пиёла Бод!

Додгаро, фалак туро ҷуръакаши пиёла бод!
Душмани дилсиёҳи ту ғарқа ба хун чу лола бод!
Зулфи сиёҳи пурхамат чашми чароғи олам аст,
Ҷон зи насими давлаташ дар шикани кулола бод!
Эй маҳи бурҷи маъдалат, чашми чароғи оламӣ,
Бодаи соф доимат дар қадаҳу пиёла бод!
Чун ба ҳавои мидҳатат Зӯҳра шавад таронахон,
Ҳосидат аз симоъи он ҳамдами оҳу нола бод!
Нӯҳ табаКи сипеҳру он қурсаи симу зар, ки ҳаст,
Бар лаби хони қисматат саҳлтарин навола бод!
Духтари фикри бикри ман маҳрами хилвати ту шуд,
Маҳр чунин арӯсро ҳам ба кафат ҳавола бод!
Зурваи кохи рафъатат рост зи фарти иртифоъ
Роҳравони ваҳмро роҳи ҳазорсола бод!
Ҳофиз агар ба васли ту шод нашуд зи ҳар ғаме,
Дар ғами ҳаҷри рӯи ту мӯниси ғам чу лола бод!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.