Дишаб Ба Сели Ашк Раҳи Хоб Мезадам,

Дишаб ба сели ашк раҳи хоб мезадам,
Нақше ба ёди хатти ту бар об мезадам.
Абруи ёр дар назару хирқа сӯхта,
Ҷоме ба ёди гӯшаи меҳроб мезадам.
Ҳар мурғи фикр, к-аз сари шохи сухан биҷаст,
Бозаш зи турраи ту ба мизроб мезадам.
Рӯи нигор дар назарам ҷилва менамуд
В-аз дур бӯса бар рухи маҳтоб мезадам.
Чашмам ба рӯи соқиву гӯшам ба қавли чанг,
Фоле ба чашму гӯш дар ин боб мезадам.
Нақши хаёли рӯи ту то вақти субҳдам
Бар коргоҳи дидаи бехоб мезадам.
Соқӣ ба савти ин ғазалам коса мегирифт,
Мегуфтам ин суруду маи ноб мезадам.
Хуш бод вақти Ҳофизу фоли муроди ком
Бар номи умру давлати аҳбоб мезадам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.