Дил Саропардаи Муҳаббати Ӯст,

Дил саропардаи муҳаббати ӯст,
Дида оинадори талъати ӯст.
Ман, ки сар дарнаёварам ба ду кавн,
Гарданам зери бори миннати ӯст.
Туву тӯбиву мову қомати ёр,
Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст.
Гар ман олудадоманам, чӣ аҷаб,
Ҳама олам гувоҳи исмати ӯст.
Ман кӣ бошам дар он ҳарам, ки сабо
Пардадори ҳарими ҳурмати ӯст.
Бе хаёлаш мабод манзари чашм,
3-он, ки ин гӯша ҷои хилвати ӯст.
Ҳар гули нав, ки шуд чаманорой,
3-асари рангу бӯи сӯҳбати ӯст.
Даври Маҷнун гузашту навбати мост,
Ҳар касе панҷ рӯз навбати ӯст.
Мулкати ошиқиву чанги тараб,—
Ҳар чӣ дорам зи юмни давлати ӯст.
Ману дил гар фидо шудем, чӣ бок,
Ғараз андар миён саломати ӯст.
Фақри зоҳир мабин, ки Ҳофизро
Сина ганҷинаи муҳаббати ӯст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.