Дилу Динам Шуду Дилбар Ба Маломат Бархост,

Дилу динам шуду дилбар ба маломат бархост,
Гуфт:— Бо мо манишин к-аз ту саломат бархост.
Кӣ, шунидӣ, ки дар ин базм даме хуш бинишаст,
Ки на дар охири сӯҳбат ба надомат бархост?
Шамъ агар з-он лаби хандон ба забон лофе зад,
Пеши ушшоқи ту шабҳо ба ғаромат бархост.
Дар чаман боди баҳорӣ зи канори гулу сарв
Ба ҳаводории он оразу қомат бархост.
Маст бигзаштиву аз хилватиёни малакут
Ба тамошои ту ошӯби қиёмат бархост.
Пеши рафтори ту по бар нагирифт аз хиҷлат
Сарви саркаш, ки ба ноз аз қаду қомат бархост.
Ҳофиз, ин хирқа бияндоз, магар ҷон бибарӣ,
К-оташ аз хирқаи солусу каромат бархост.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.