Дило, Чандам Бирезӣ Хун, Зи Дида Шарм Дор, Охир,

Дило, чандам бирезӣ хун, зи дида шарм дор, охир,
Ту низ, эй дида, хобе кун муроди дил барор, охир.
Манам, ё раб, ки ҷононро зи ораз бӯса мечинам,
Дуои субҳдам дидӣ, ки чун омад ба кор охир.
Муроди дуниву уқбӣ ба ман бахшид рӯзибахш,
Ба гӯшам қавли чанг аввал ба дастам зулфи ёр охир.
Чу бод аз хирмани дунон рабудан хӯшае то чанд?
Зи ҳиммат тӯшае бардору худ тухме бикор, охир.
Дило, дар мулки шабхезӣ гар аз андӯҳ нагрезӣ,
Дами сӯҳбат башоратҳо биёрад з-он диёр охир.
Бути чун моҳ зону зад, маи чун лаъл пеш овард,
Ту гӯй тоибам, Ҳофиз, зи соқӣ шарм дор охир.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.