Дило, Рафиқи Сафар Бахти Некхоҳат Бас,

Дило, рафиқи сафар бахти некхоҳат бас,
Насими равзаи Шероз пайки роҳат бас.
Дигар зи манзили ҷонон сафар макун, дарвеш,
Ки сайри маънавиву кунҷи хонақохат бас.
В-агар камин бикушояд ғаме зи гӯшаи дил,
Ҳарими даргаҳи пири муғон паноҳат бас.
Ба садри мастаба биншину соғари май нӯш,
Ки ин қадар зи ҷахон касби молу ҷоҳат бас.
Зиёдатӣ маталаб, кор бар худ осон кун,
Суроҳии маи лаълу бути чу моҳат бас.
Фалак ба мардуми нодон диҳад зимоми мурод,
Ту аҳли фазливу дониш, ҳамин гуноҳат бас.
Ҳавои маскани маълуфу аҳди ёри қадим,
Зи роҳравони сафаркарда узрхоҳат бас.
Ба миннати дигарон хӯ макун, ки дар ду ҷаҳон
Ризои эзиду инъоми подшоҳат бас.
Ба ҳеҷ вирди дигар нест ҳоҷат, эй Ҳофиз,
Дуои ними шабу дарси субҳгоҳат бас,
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.