Дили Хунхораро Якбора Бистон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дили хунхораро якбора бистон,
Зи ғам садпора шуд, якпора бистон!
Бикун ҷони маро имрӯз чора,
В-агар не, ҷон аз ин бечора бистон!
Ҳама шаб дӯш мегуфтам: «Худоё,
Ки доди ман аз он хунхора бистон!
Дили сангини ӯ чун рехт хунам,
Ту хуни ман зи санги хора бистон!»
Ба дасти дил фиристодам ду-се хат,
Яке хатро аз он овора бистон!
Дар он хат сурату ашколи ишқ аст,
Барои ибрату наззора бистон!
Дилам бо ишқ ҳамистора афтод,
Нахоҳӣ, ҷурм аз истора бистон!”.
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.