Дили Ман Дар Ҳавои Рӯи Фаррух,

Дили ман дар ҳавои рӯи фаррух,
Бувад ошуфта хамчун мӯи фаррух.
Ба ҷуз ҳиндӯи зулфаш ҳеҷ кас нест
Ки бархурдор шуд аз рӯи фаррух.
Сиёҳе некбахт аст он, ки доим,
Бувад ҳамрозу ҳамзонуи фаррух.
Шавад чун бед ларзон сарви озод,
Агар бинад қади дилҷӯи фаррух.
Бидеҳ, соқӣ, шароби арғавонӣ
Ба ёди наргиси ҷодӯи фаррух.
Дуто шуд қоматам ҳамчун камоне,
Зи ғам пайваста чун абрӯи фаррух.
Насими мушки тоторӣ хиҷил кард
Шамими мӯи анбарбӯи фаррух.
Агар майли дили ҳар кас ба ҷоест,
Бувад майли дили ман сӯи фаррух.
Ғуломи ҳиммати онам, ки бошад
Чу Ҳофиз бандаву ҳиндӯи фаррух.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.