Дидор Шуд Муяссару Бӯсу Канор Ҳам,

Дидор шуд муяссару бӯсу канор ҳам,
Аз бахт шукр дораму аз рӯзгор ҳам.
Зоҳид, бирав, ки толеъ агар толеи ман аст,
Ҷомам ба даст бошаду зулфи нигор ҳам.
Мо айби кас ба мастиву риндӣ намекунем,
Лаъли бутон хуш асту маи хушгувор ҳам.
Эй дил, башорате диҳамат, мӯҳтасиб намонд,
В-аз май ҷаҳон пур асту бути майгусор ҳам.
Хотир ба дасти тафриқа додан на зиракист,
Маҷмӯае бихоҳу суроҳӣ биёр ҳам.
Бар хокиёни ишқ фишон ҷуръаи лабаш,
То хок лаългун шаваду мушкбор ҳам.
Он шуд, ки чашми бад нигарон будӣ аз камин.
Хасм аз миён бирафту сиришқ аз канор ҳам.
Чун коинот ҷумла ба бӯи ту зиндаанд,
Эй офтоб, соя зи ман бармадор ҳам.
Чун обрӯи лолаву гул файзи ҳусни туст,
Эй абри лутф, бар мани хокӣ бибор ҳам.
Ҳофиз асири зулфи ту шуд, аз худо битарс,
В-аз интисофи Осафи Ҷамиқтидор ҳам.
Бурҳони мулку дин,
ки зи дасти вазораташ
Айёми кон ямин шуду дарё ясор ҳам.
Бар ёди раъи анвари ӯ осмон ба субҳ,
Ҷон мекунад фидову кавокиб нисор ҳам.
Гӯи замин рабудаи чавгони адли ӯст
В-ин баркашида гунбади нилӣ ҳисор ҳам. ?
Азми сабукинони ту дар ҷунбиш оварад
Ин пойдор маркази олимадор ҳам.
То аз натиҷаи фалаку таври даври ӯст
Табдили моҳу солу хазону баҳор ҳам,
Холӣ мабод коҳи ҷалолаш зи сарварон
В-аз соқиёни сарвқади гулъизор ҳам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.