Дигар Зи Шохи Сарви Сиҳӣ Булбули Сабур

Дигар зи шохи сарви сиҳӣ булбули сабур
Гулбонг зад, ки чашми бад аз рӯи гул ба дур!
Эй гул, ба шукри он, ки туӣ подшоҳи ҳусн,
Бо булбулони бедили шайдо макун ғурур!
Аз дасти ғайбати ту шикоят намекунам,
То нест ғайбате, надиҳад лазате ҳузур.
Гар дигарон ба айшу тараб хурраманду шод,
Моро ғами нигор бувад мояи сурур.
Зоҳид агар ба ҳуру қусур аст умедвор,
Моро шаробхона қусур асту ёр ҳур.
Май хӯр ба бонги чангу махӯр ғусса в-ар касе
Гӯяд туро, ки бода махӯр, гӯ: ҳувалғафур.
Ҳофиз, шикоят аз ғами ҳиҷрон чӣ мекунӣ?
Дар ҳаҷр васл бошаду дар зулмат аст нур.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.