Дар Хароботи Муғон Нури Худо Мебинам,

Дар хароботи муғон нури худо мебинам,
Ин аҷаб бин, ки чӣ нуре зи куҷо мебинам.
Ҷилва бар ман мафурӯш, эй маликулҳоҷ, ки ту
Хона мебиниву ман хонахудо мебинам.
Хоҳам аз зулфи бутон нофакушоӣ кардам,
Фикри дур аст ҳамоно, ки хато мебинам.
Сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб,-
Ин ҳама аз назари лутфи шумо мебинам.
Ҳар дам аз рӯи ту нақше занадам роҳи хаёл,
Бо кӣ гӯям, ки дар ин парда чиҳо мебинам?
Кас надидаст зи мушки Хутану нофаи Чин
Он чӣ ман ҳар саҳар аз боди сабо мебинам.
Дӯстон, айби назарбозии Ҳофиз макунед,
Ки ман ӯро зи муҳиббони шумо мебинам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.