Дар Азал Партави Ҳуснат Зи Таҷалло Дам Зад,

Дар азал партави ҳуснат зи таҷалло дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.
Ҷилвае кард рухат, дид малак ишқ надошт,
Айни оташ шуд аз ин ғайрату бар одам зад.
Ақл мехост, к-аз он шӯъла чароғ афрӯзад,
барқи ғайрат бидурахшиду ҷаҳон барҳам зад.
Муддаӣ хост, ки ояд ба тамошогаҳи роз,
Дасти ғайб омаду бар синаи номаҳрам зад.
Дигарон қуръаи қисмат ҳама бар айш заданд,
Дили ғамдидаи мо буд, ки ҳам бар ғам зад.
Ҷони улвӣ ҳаваси чоҳи занаҳдони ту дошт,
Даст дар ҳалқаи он зулфи хам андар ҳам зад.
Ҳофиз он рӯз тарабномаи ишқи ту навишт,
Ки қалам бар сари асбоби дили хуррам зад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.