Дарди Моро Нест Дармон, Алғиёс,

Дарди моро нест дармон, алғиёс,
Ҳаҷри моро нест поён, алғиёс!
Дину дил бурданду қасди ҷон кунанд,
Алғиёс аз ҷаври хубон, алғиёс!
Дар баҳои бӯсае ҷоне талаб
Мекунанд ин дилситонон, алғиёс!
Хуни мо хӯрданд ин кофирдилон,
Эй мусулмонон, чӣ дармон, алғиёс!
Ҳамчу Ҳофиз рӯзу шаб бе хештан
Гаштаам сӯзону гирёи, алғиёс!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.