Гуфтам, Ки «хато Кардиву Тадбир На Ин Буд,»

Гуфтам, ки «Хато кардиву тадбир на ин буд,»
Гуфто: «Чӣ тавон кард, ки тақдир чунин буд».
Гуфтам, ки: «Басе хатти хато бар ту кашиданд»,
Гуфто: «Ҳама он буд, ки бар лавҳи ҷабин буд».
Гуфтам, ки: «Қарини бадат афганд бад-ин рӯз?»
Гуфто, ки: «Маро бахти бади хеш қарин буд».
Гуфтам: «Зи ман, эй моҳ, чаро меҳр буридӣ?»
Гуфто, ки: «Фалак бо мани бадмеҳр ба кин буд».
Гуфтам, ки: «Басе ҷоми тааб хӯрдӣ аз ин пеш?»
Гуфто, ки: «Шифо дар қадаҳи бозпасин буд».
Гуфтам, ки: «Ту, эй умр, чаро зуд бирафтӣ?
Гуфто, ки: «Фалонӣ, чӣ кунам? Умр ҳамин буд».
Гуфтам, ки: «На вақти сафарат буд чунин зуд».
Гуфто, ки: «Магар маслиҳати вақт дар ин буд».
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.