Гуфтам Каям Даҳону Лабат Комрон Кунанд

Гуфтам Каям даҳону лабат комрон кунанд
Гуфто: «Ба чашм, ҳар чӣ ту гӯӣ, чунон кунанд».
Гуфтам: «Хироҷи Миср талаб мекунад лабат».
Гуфто: «Дар ин муомила камтар зиён кунанд».
Гуфтам: «Ба нуқтаи даҳанат худ кӣ бурд роҳ?»
Гуфт: «Ин ҳикоятест, ки бо нуктадон кунанд».
Гуфтам: «Санампараст машав, бо самад нишин».
Гуфто: «Ба кӯи ишқ ҳам ину ҳам он кунанд».
Гуфтам: «Ҳавои майкада ғам мебарад зи дил».
Гуфто: «Хуш он касон, ки диле шодмон кунанд».
Гуфтам: «Шаробу хирқа на оини мазҳаб аст».
Гуфт: «Ин амал ба мазҳаби пири муғон кунанд».
Гуфтам: «Зи лаъли нӯшлабон пирро чӣ суд?»
Гуфто: «Ба бӯсаи шакаринаш ҷавон кунанд».
Гуфтам, ки: «Хоҷа кай ба сари ҳаҷла меравад?»
Гуфт: «Он замон, ки Муштариву Маҳ Кирон кунанд».
Гуфтам: «Дуои давлати ту вирди Ҳофиз аст»,
Гуфт: «Ин дуо малоики ҳафт осмон кунанд».
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.