Гуфтам Ба Маҳе К-Аз Ту Сад Гуна Тараб Дорам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Гуфтам ба маҳе, к-аз ту сад гуна тараб дорам,
Гуфто, ки ба ғайри он сад чизи аҷаб дорам!
Гуфтам, ки дар ин бозӣ моро сабабе созӣ?
Гуфто, ки ман ин бозӣ беруни сабаб дорам!
Ҳар тойифа бо қавме хешиву насаб доранд,
Ман бо ғами ишқи ту хешиву насаб дорам!
Берун машав аз дида, ай нури писандида,
К-аз давлати нури ту матлуб талаб дорам!
Онам, ки зи ҳар оҳаш дар чарх занам оташ
В-аз оташи бар оташ аз ишқ лаҳаб дорам!

Hits: 4

:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.