Гулбаргро Зи Сунбули Мушкин Ниқоб Кун,

Гулбаргро зи сунбули мушкин ниқоб кун,
Яъне, ки рух бипӯшу ҷаҳоне хароб кун!
Бифшон арақ зи чеҳраву атрофи боғро
Чун шишаҳои дидаи мо, пургулоб кун.
Айёми гул чу умр ба рафтан шитоб кард,
Соқӣ, ба даври бодаи гулгун шитоб кун!
Бикшо ба шева наргиси пурхоби мастро
В-аз рашк чашми наргиси раъно ба хоб кун!
Бӯи бунафша бишнаву зулфи нигор гир,
Бингар ба ранги лолаву азми шароб кун!
3-он ҷо, ки расму одати ошиқкушии туст,
Бо душманон қадаҳ кашу бо мо итоб кун!
Ҳамчун ҳубоб дида ба рӯи қадаҳ кушой,
В-ин хонаро қиёс асос аз ҳубоб кун!
Ҳофиз висол металабад аз раҳи дуо,
Ё раб, дуои хастадилон мустаҷоб кун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.