Гувоҳе Амин Аст Бар Дарди Ман

Гувоҳе амин аст бар дарди ман
Сиришки равон бар рухи зарди ман.
Бубахшой бар нолаи андалеб,
Ало, эй гули нозпарварди ман!
Ки гар ҳам бад-ин навъ бошад фироқ,
Ба кӯи ту бод оварад гарди ман.
Кӣ дидаст ҳаргиз чунин оташе,
К-аз ӯ мебарояд дами сарди ман!
Фигони ман аз дасти ҷаври ту нест,
Ки аз толеи модароварди ман!
Ман андархури бандагӣ нестам,
В-аз андоза берун ту дархӯрди ман!
Бадандеши нодон, ки матрут бод!
Надонам, чӣ мехоҳад аз тарди ман?
В-агар худ ман онам, ки инам сазост,
Бубахшу магир, эй ҷавонмарди маи!
Ту маъзур дорӣ ба инъоми хеш,
Агар заллате ояд аз карди ман!
Ту дарде надорӣ, ки дардат мабод!
Аз он раҳматат нест бар дарди ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.