Гар Ман Аз Сарзаниши Муддаиён Андешам,

Гар ман аз сарзаниши муддаиён андешам,
Шеваи мастиву риндӣ наравад аз пешам.
Зӯҳди риндони навомӯхта роҳи бадаҳист,
Ман, ки бадноми ҷаҳонам, чӣ салоҳ андешам?
Шоҳи шӯридасарон хон мани бесомонро,
3-он, ки дар камхирадӣ аз ҳама олам бешам,
Бар чабин нақш кун аз хуни дили ман холе,
То бидонанд, ки қурбони ту, кофиркешам.
Эътиқоде бинамову бигузар, баҳри Худо,
То дар ин хирқа надонӣ, ки чӣ нодарвешам.
Шеъри хунбори ман, эй бод, бад-он ёр расон,
Ки зи мижгони сияҳ бар раги ҷон зад нешам.
Ман агар бода хӯрам в-ар на, чи корам бо кас,
Ҳофизи рози худу орифи вақти хешам
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.