Гар Ман Аз Боғи Ту Як Мева Бичинам, Чӣ Шавад

Гар ман аз боғи ту як мева бичинам, чӣ шавад
Пеши пое ба чароғи ту бибинам, чӣ шавад?
Ё раб, андар канафи сояи он сарви баланд,
Гар мани сӯхта як дам бинишинам, чӣ шавад?
Охир, эй хотами Ҷамшеди ҳумоюносор,
Гар фитад акси ту бар нақши нигинам, чӣ шавад?
Воизи шаҳр чу меҳри малику шаҳна гузид,
Ман агар меҳри нигоре бигузинам, чӣ шавад?
Сарф шуд умри гаронмоя ба маъшуқаву май,
То аз онам чӣ ба пеш ояд, аз инам, чӣ шавад.
Хоҷа донист, ки ман ошиқаму хеҷ нагуфт,
Ҳофиз ар низ бидонад, ки чунинам, чӣ шавад?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.