Гар Майфурӯш Ҳоҷати Риндон Раво Кунад,

Гар майфурӯш ҳоҷати риндон раво кунад,
Эзид гунаҳ бибахшаду дафъи бало кунад.
Соқӣ, ба ҷоми адл бидеҳ бода, то гадо
Ғайрат наёварад, ки ҷаҳон пурмало кунад.
Ҳаққо, к-аз ин ғамон бирасад муждаи амон,
Гар солике ба аҳди амонат вафо кунад.
Гар ранҷ пеш ояду гар роҳат, эй ҳақим,
Нисбат макун ба ғайр, ки инҳо Худо кунад.
Дар корхонае, ки раҳи ақлу фазл нест,
Фаҳми заиф рои фузулӣ чаро кунад?
Мутриб, бисоз парда, ки кас беаҷал намурд,
В-он к-ӯ на ин тарона сарояд, хато кунад.
Моро, ки дарди ишқу балои хумор кушт,
Ё васли дӯст ё маи софӣ даво кунад.
Ҷон рафт дар сари маю Ҳофиз ба ишқ сӯхт,
Исодаме куҷост, ки эҳёи мо кунад?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.