Гар Даст Диҳад Хоки Кафи Пои Нигорам,

Гар даст диҳад хоки кафи пои нигорам,
Бар лавҳи басар хатти ғуборе бинигорам.
Бар бӯи каиори ту шудам ғарқу умед аст
Аз мавҷи сиришқам, ки расонад ба канорам.
Парвонаи ӯ гар бирасад дар талаби ҷон,
Чун шамъ ҳама дам ба даме ҷон бисипорам.
Имрӯз макаш сар зи вафои ману андеш
3-он шаб, ки ман аз ғам ба дуо даст барорам.
Зулфайни сиёҳи ту ба дилдории ушшоқ
Доданд, қарореву бибурданд қарорам.
Эй бод, аз он бода насиме ба ман овар,
К-он бӯи шифобахш бувад дафъи хуморам.
Гар қалби диламро наниҳад дӯст иёре,
Ман нақди равон дар дамаш аз дида шуморам.
Доман мафишон аз мани хокӣ, ки пас аз марг
3-ин дар натавонад, ки барад бод ғуборам.
Ҳофиз, лаби лаълаш чу маро ҷони азиз аст,
Умре бувад он лаҳза, ки ҷонро ба лаб орам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.