Гар Гуссаи Рӯзгор Гӯям,

Гар гуссаи рӯзгор гӯям,
Бас киссаи бешумор гӯям.
Як умри ҳаэор сол бояд,
То ман яке аз ҳазор гӯям!
Чашмам ба забони ҳол гӯяд,
Не он ки ба ихтиёр гӯям.
Бар ман дили анҷуман бисӯзад,
Гар дарди фироқи ср гӯям.
Мургони чаман фигон бароранд,
Гар фурқати навбаҳор гӯям.
Ёрони сабӯҳиям куҷоянд?
То дарди дили хумор гӯям.
Дарди дили беқарор, Саъдӣ,
Ҳам бо дили беқарор гӯям.
Кас нест, ки дил сӯи ман орад,
То гуссаи рӯзгор гӯям.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.