Гар Бувад Умр, Ба Майхона Расам Бори Дигар,

Гар бувад умр, ба майхона расам бори дигар,
Ба ҷуз аз хидмати риндон накунам кори дигар.
Хуррам он рӯз, ки бо дидаи гирён биравам.
То занам об дари майкада як бори дигар,
Маърифат нест дар ин қавм, Худоро, сабабе,
То барам гавҳари худро ба харидори дигар.
Ёр агар рафту ҳақи сӯҳбати дерин нашинохт,
Ҳошалилаҳ, ки равам ман зи паи ёри дигар!
Гар мусоид шавадам доираи чархи кабуд,
Ҳам ба даст оварамаш боз ба паргори дигар.
Офият металабад хотирам, ар бигзорад
Ғамзаи шӯхашу он турраи таррои дигар.
Рози сарбастаи мо бин, ки ба дастон гуфтанд
Ҳар замон бо дафу най бар сари бозори дигар.
Ҳар дам аз дард бинолам, ки фалак ҳар соат.
Кунадам қасди дили реш ба озори дигар,
Бозгӯям: на дар ин воқиа Ҳофиз танҳост,
Ғарқа гаштанд дар ин бодия бисёри дигар.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.