Гар Аз Ин Оби Тарабнок На Хушдил Бошӣ,

Гар аз ин оби тарабнок на хушдил бошӣ,
Хуштар он аст ба ҳар ҳол, ки дар гил бошӣ.
Бандаи пири муғон бошу зи зоҳид бигурез,
Роҳ ин аст, агар зираку оқил бошӣ.
Нури меҳри рухаш ар тофт ба дарёи дилат,
Худ ба сарчашмаи хуршед муқобил бошӣ.
Даст аз он зулфи дуто доштаӣ, зоҳид, боз,
Дар паи нашъати ағлолу салосил бошӣ.
Ҷоми мастона фарогиру ба ҳуш ой, эй дил,
То ба кай бехабар афтодаву ғофил бошӣ?
Ҳамчу Ҳофиз агарат ёр зи ғам бозхарад,
Сайди он шоҳиди матбӯъшамоил бошӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.