Гар Аз Ин Манзили Вайрон Ба Сӯи Хона Равам,

Гар аз ин манзили вайрон ба сӯи хона равам,
Дигар он ҷо, ки равам, оқилу фарзона равам.
3-ин сафар гар ба саломат ба ватан бозрасам,
Назр кардам, ки ҳам аз роҳ ба майхона равам.
То бигӯям, ки чӣ кашфам шуд аз ин сайру сулук,
Ба дари савмаа бо барбату паймона равам.
Ошноёни раҳи ишқ гарам хун бихӯранд,
Нокасам, гар ба шикоят сӯи бегона равам.
Баъд аз ин дасти ману зулфи чу занҷири нигор,
Чанду чанд аз паи коми дили девона равам.
Гар бибинам хами абрӯи чу меҳробаш боз,
Саҷдаи шукр кунам в-аз паи шукрона равам.
Хуррам он дам, ки чу Ҳофиз ба таваллои вазир
Сархуш аз майкада бо дӯст ба кошона равам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.