Гарчи Афтод Зи Зулфаш Гираҳе Дар Корам,

Гарчи афтод зи зулфаш гираҳе дар корам,
Ҳамчунон чашми умед аз карамаш медорам
Ба тараб ҳамл макун сурхии рӯям, ки чу ҷом,
Хуни дил акс бурун медиҳад аз рухсорам.
Пардаи мутрибам аз даст бурун хоҳад бурд,
Оҳ, агар з-он, ки дар ин парда набошад борам
Посбони ҳарами дил шудаам шаб ҳама шаб,
То дар ин парда чуз андешаи ӯ нагзорам.
Манам он шоири соҳир, ки ба афсуни сухан
Аз наи килк ҳама канду шакар меборам.
Дидаи бахт ба афсонаи ӯ шуд дар хоб,
Ку насиме зи иноят, ки кунад бедорам.
Чун туро дар гузар, эй ёр, намеёрам дид,
Бо кӣ гӯям, ки бигӯяд сухане бо ёрам?
Дӯш мегуфт, ки Ҳофиз ҳама рӯясту риё,
Ба ҷуз аз хоки дараш бо кӣ бувад бозорам?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.