Гавҳари Маҳзани Асрор Ҳамон Аст, Ки Буд,

Гавҳари маҳзани асрор ҳамон аст, ки буд,
Ҳуққаи меҳр бад-он мӯҳру нишон аст, ки буд.
Ошиқон зумраи арбоби амонат бошанд,
Лоҷарам чашми гуҳарбор ҳамон аст, ки буд.
Аз сабо пурс, ки моро ҳама шаб то дами субҳ
Бӯи зулфи ту ҳамон мӯниси ҷон аст, ки буд.
Толиби лаълу гуҳар нест, вагарна хуршед
Ҳамчунон дар амали маъдану кон аст, ки буд.
Куштаи ғамзаи худро ба зиёрат дарёб,
3-он ки бечора ҳамон дилнигарон аст, ки буд.
Ранги хуни дили моро, ки ниҳон медорӣ,
Ҳамчунон дар лаби лаъли ту аён аст, ки буд.
Зулфи ҳиндуи ту гуфтам, ки дигар раҳ назанад,
Солҳо рафту бад-он сирату сон аст, ки буд.
Ҳофизо, бозиамо қиссаи хунобаи чашм,
Ки бар ин чашма ҳамон об равон аст, ки буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.