Бӯи Хуши Ту Ҳар Кӣ Зи Боди Сабо Шунид,

Бӯи хуши ту ҳар кӣ зи боди сабо шунид,
Аз ёри ошно сухани ошно шунид.
Эй шоҳи ҳусн, чашм ба ҳоли гадо фиган,
К-ин гӯш бас ҳикояти шоҳу гадо шунид.
Хуш мекунам ба бодаи мушкин машоми ҷон,
К-аз далқпӯши савмаа бӯи риё шунид.
Сирри Худо, ки орифи солик ба кас нагуфт,
Дар ҳайратам, ки бодафурӯш аз куҷо шунид?
Ё раб, куҷост маҳрами розе, ки як замон
Дил шарҳи он диҳад, ки чӣ гуфту чиҳо шунид?
Инам сазо набуд дили ҳақгузори ман,
К-аз ғамгусори худ сухани носазо шунид.
Маҳрум агар шудам зи сари кӯи ӯ, чӣ шуд?
Аз гулшани замона кӣ бӯи вафо шунид?
Соқӣ, биё, ки ишқ садо мекунад баланд,
К-он кас, ки гуфт қиссаи мо, ҳам зи мо шунид.
Мо бода зери хирқа на имрӯз мекашем,
Сад бор пири майкада ин моҷаро шунид.
Мо май ба бонги чанг на имрӯз мехӯрем,
Бас давр шуд, ки гунбади чарх ин садо шунид.
Панди ҳақим маҳзи савоб асту айни хайр,
Фархунда он касе, ки ба самъи ризо шунид.
Ҳофиз, вазифаи ту дуо гуфтан асту бас,
Дар банди он мабош, ки нашнид ё шунид.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.