Бӯи Баҳор Омад, Бинол, Эй Булбули Шириннафас!

Бӯи баҳор омад, бинол, эй булбули шириннафас!
В-ар пойбандӣ ҳамчу ман, фарёд мекун дар қафас!
Маҳмули пешоҳангро аз ман бигӯӣ, эй сорбон:
«Ту хоб мекун бар шутур, то бонг бардорад ҷарас!»
Ширинбизоат бар магас чандон, ки тундӣ мекунад,
Ӯ бодбсзан ҳамчунон дар дасту меояд магас.
Панди хирадмандон чй суд анкун, ки бахтам сахт шуд,
Гар ҷастам ин бор аз қафас, бедор бошам з-ин сипас.
Бо ҳар ки биншинам даме, к-аз ёди ӯ гофил шавам,
Чун субҳи бехуршедам аз дил барнамеояд нафас.
Гар дӯст меояд барам ё теғи душман бар сарам,
Ман бо касе афтодаам, к-аз вай напардозам ба кас.
Ман муфлисам дар корвон, гӯ ҳар ки хоҳад қасд кун,
Нагзошт мутриб дар барам чандон ки бистонам асас.
Гар панд мехоҳӣ, бидеҳ ва-ар банд мехоҳӣ, бинеҳ!
Девона сар хоҳад ниҳод, он гаҳ ниҳад аз сар ҳавас.
Фарёди Саъдӣ дар ҷаҳон, афкандӣ эй ороми ҷон!
Чандин ба фарёд оварӣ? Боре ба фарёдаш бирас!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.