Бурида Шуд Аз Ин Ҷӯйи Ҷаҳон Об – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бурида шуд аз ин ҷӯйи ҷаҳон об,
Баҳоро, бозгарду ворасон об!
Аз он обе, ки чашмай Хизру Илёс
Надидасту набошад ончунон об!
Зиҳӣ сарчашмае, к- аз фарри ҷӯшаш
Биҷӯшад ҳар даме аз айни ҷон об!
Чу бошад обҳо, нонҳо бирӯянд,
Вале ҳаргиз наруст, ай ҷон, зи нон о!
Барои луқмае нон чун гадоён
Марез аз рӯйи фақр, ай меҳмон, об!
Саросар ҷумла олам ним луқма – ст,
Зи ҳирси ним луқма шуд ниҳон об!
Замину осмон далву сабӯянд,
Бурун аст аз замину осмон об!
Ту ҳам берун шав аз чарху замин зуд,
Ки то бинӣ равон аз ломакон об!
Раҳад моҳии ҷони ту аз ин ҳавз,
Биёшомад зи баҳри бекарон об!
Дар он баҳре, ки хизронанд моҳӣ,
Дар ӯ ҷовид моҳӣ, ҷовидон об!
Аз он дидор омад нури дида,
Аз он бом аст андар новадон об!
Аз он боғ аст ин гулҳои рухсор,
Аз он дӯлоб ёбад гулситон об!
Аз он нахл аст хурмоҳои Марям,
На з -асбоб асту з -ин абвоб он об!
Равони ҷонат он гаҳ шод гардад,
К – аз ин ҷо сӯйи ту ояд равон об!
Мазан чӯбак дигар чун посбонон,
Ки ҳаст ин моҳиёнро посбон об!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.