Булбуле Хуни Диле Хӯрду Гуле Ҳосил Кард,

Булбуле хуни диле хӯрду гуле ҳосил кард,
Боди ғайрат ба садаш хор парешондил кард.
Тӯтиеро ба хаёли шакаре дил хуш буд,
Ногаҳаш сели фано нақши амал ботил кард.
Қурратулайни ман он меваи дил ёдаш бод,
Ки чӣ осон бишуду кори маро мушкил кард.
Сорбон, бори ман афтод, Худоро мададе,
Ки умеди карамам ҳамраҳи ин маҳмил кард.
Рӯи хокиву нами чашми маро хор мадор,
Чархи фирӯза тарабхона аз ин қаҳгил кард.
Оҳу фарёд, ки аз чашми ҳасуди маҳу меҳр,
Дар лаҳад моҳи камонабруи ман манзил кард.
Назадӣ шоҳи руху фавт шуд имкон, Ҳофиз,
Чӣ кунам, бозии айём маро ғофил кард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.