Булбуле Барги Гуле Хушранг Дар Минқор Дошт,

Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт,
В-андар он баргу наво хуш нолаҳои зор дошт.
Гуфтамаш: «Дар айни васл ин нолаву фарёд чист?»
Гуфт: «Моро ҷилваи маъшуқ дар ин кор дошт».
Ёр агар наншаст бо мо, нест ҷои эътироз,
Подшоҳи комрон буд, аз гадое ор дошт.
Дарнамегирад ниёзу нози мо бо ҳусни дӯст,
Хуррам он, к-аз нозанинон бахти бархурдор дошт.
Хез, то бар килки он наққош ҷонафшон кунем,
К-ин ҳама нақши аҷаб дар гардиши паргор дошт.
Гар муриди роҳи ишқӣ, фикри бадномӣ макун,
Шайхи Санъон хирқа раҳни хонаи хаммор дошт.
Вақти он ширин қаландар хуш, ки дар атвори сайр
Зикри-тасбеҳи малак дар ҳалқаи зуннор дошт.
Чашми Ҳофиз зери боми қасри он ҳурисиришт,
Шеваи ҷанноти таҷрӣ таҳтаҳуланҳор дошт.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.