Бо Талхии Маъзулӣ Мире Бинамеарзад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бо талхии маъзулӣ мире бинамеарзад,
Як рӯз ҳамехандад, сад сол ҳамеларзад!
Харбандагиву он гаҳ аз баҳри хари мурда,
Баҳри гули пажмурда бо хор ҳамесозад!
Зинҳор нахандӣ ту, то ӯ-т нахандонад,
Зеро ки ҳама ханда з-ин ханда ҳамехезад!
Ай рӯйтуруш, бингар, онро, ки туруш кардат,
То ӯ шакаре ширин дар серка даромезад!
Ай хастаи афтода, бингар, ки кӣ афкандат?!
Чун дарнигарӣ ӯро, ҳам ӯ-т барангезад!
Гар з-он, ки саге хусбад бар хоки сари кӯяш,
Шер аз ҳазари он саг бигзораду бигрезад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.